Раҳоии Қувватов: Кӣ бурду кӣ бохт?
Дар пайи озодии Додоҷон Атовуллоҳ ва Абдумалик Абдуллоҷонов, ки мухолифини ҳукумати феълии Тоҷикистон астанд, ахиран Николай Николайев, вакили мудофеи Умаралӣ Қувватов, раҳбари Созмони мухолифи “Гуруҳи 24” низ аз раҳоии зерҳимояаш аз боздоштгоҳи Дубай хабар дод. Ин афрод, худро мухолифин муаррифӣ мекунанд, аммо ҳукумат онҳоро “ҷинояткор” арзёбӣ намуда, аз кишварҳои хориҷӣ истирдодашонро талаб кардааст, вале то ҳол танҳо ҷавоби рад гирифтааст. “Озодагон” назари чанд коршиносро дар мавриди раҳоии Умаралӣ Қувватов пурсид, ки чаро Аморат ба мақомоти тоҷик бовар накард ва оё ин бохти ҳукумат аст?
Зафар Абдуллоев, рӯзноманигор, шореҳи сиёсӣ:
Бохти ҳукумати феълӣ, вақтест, ки ба ҷои он нерӯҳои нав сари қудрат меоянд. Аммо Қувватов танҳо ба озодӣ муваффақ шудааст. Ман аз аввал ба Қувватов таваҷҷуҳи хосе надорам, чун ӯро сиёсатмадори ҷиддӣ намеҳисобам. Бисёр аз сафсата, шиорпартоӣ ва таҳқир дар ҳаққи рақиб кор мегирад, ки ба як гуруҳи хаста нигаронида шудааст.
Ақидаи онҳоеро, ки нафари норозии соҳиби чанд миллионро рақиби ҷиддии ҳукумат медонанд, нодуруст мешуморам. Барои нестии низоми авторитарӣ ва густариши демократия кори зиёде бо ҷомеи шаҳрвандӣ, ташаккули институтҳои ҷамъиятӣ ва то ҷое этикаи сиёсӣ зарур аст. Барои ин баробари даҳҳо миллион доллар инчунин кори чандсола даркор аст.
Аммо дар мавриди Қувватов ман танҳо худнамоии босуръат дар нақши “наҷотбахши миллат”-ро мебинам, ки донишу таҷрибаи сиёсӣ надорад ва ман чунин шаҳсиятҳоро аз ҳукумати феълӣ беҳтар намедонам. Ман фикр мекунам номзади арзандаи президентӣ аз ҷониби мухолифин аллакай пешниҳод шудааст ва агар дар атрофи ӯ 500 шахсияти дигаре чун ӯ ҷамъ шаванд, мо барои ислоҳоти демократӣ имкон хоҳем дошт.
Хуршеди Атовулло, роҳбари Маркази тадқиқоти журналистӣ
Умаралӣ Қувватов то дирӯз аз наздикони оилаи роҳбари Тоҷикистон буд ва чун муносибатҳо бад шуданд, талош кард ба сафи дигарандешон пайвандад. Вай худро чун сиёсатмадор ва мухолиф ҳанӯз нишон надода, ба маҳбас афтода буд. Норозӣ будан аз ҳукуматдорон ҳанӯз маънои мухолиф буданро надорад. Қувватов шояд дар оянда худро чун дигарандеш нишон диҳад, аммо айни ҳол аз ӯ бӯи ҳукуматӣ феълӣ меояд. Бинобар ин фикр мекунам, ки суоли Шумо ноҷо аст.
Алим Шерзамонов, роҳбари ҲСДТ дар Бадахшон
Раҳоии Қувватов ин як бурди мухолифин ва бохти ҳукумат аст.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос
Албатта ин бохти ҳукумати феълӣ ва бурди созмони “Гуруҳи 24”-у ҷонибдорони Қувватов аст. Зиёда аз ин Қувватов баъди боздошташ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва то ҷое маъруф шуд.