Ҳимояти Шӯрои исломии Амрико аз Ашӯрмаҳмад Миралиев
Шӯрои муносиботи Амрико ва Ислом (CAIR) бо пахши як изҳорот аз Ашӯрмаҳмад Миралиев, шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар иёлати Флорида, ҳимоят намуда, гуфтааст, "ҳуқуқи конститутсионии боздоштшуда аз ҷониби мақомоти қудратии Амрико нақз шудаанд".
Ашӯрмаҳмад Миралиев, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ дар робита ба қазияи паноҳандаи чечен Иброҳим Тодашев дар иёлати Флоридаи Амрико боздошт шудааст. Иброҳим Тодашев дӯсти Темирлан Тсарнаев (чечен), муттаҳам ба бомбгузории маргбор дар шаҳри Бостони Амрико мебошад, ки зимни бозпурсӣ дар бораи ин қазия аз тарафи кормандони FBI ё Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико кушта шуда буд. Расонаҳои Амрико аз қавли мақомоти кишварашон менависанд, шаҳрванди Тоҷикистон ба яке аз шоҳидони қазияи Иброҳим Тодашев таҳдид кардааст ва талош доштааст, ба шоҳидии ӯ таъсир гузорад.
Аммо шуъбаи Шӯрои муносиботи Амрико ва Ислом дар иёлати Флорида аз нақзи ҳуқуқҳои шаҳрванди тоҷик иттилоия пахш карда, мегӯяд, FBI ё Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико вақтҳои охир дар муносибат бо дӯстони Тодашеви кушташуда аз таҳдиду фишор кор мебарад ва аз Вазорати адлияи Амрико даъват намудааст, то ба ин қазия расидагӣ кунад.
Ба иттилои сомонаи "bostonmagazine" Ҳасан Шиблӣ, мудири шуъбаи Шӯрои муносиботи Амрико ва Ислом дар Флорида, гуфтааст, ҳанӯз дар лаҳзаҳои аввали боздошт шаҳрванди Тоҷикистон давоми 6 соат бе таъмини вакили дифоъ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст, ки ғайриқонунӣ мебошад: “Миралиев дар суҳбат гуфт, ки давоми бозпурсии 6-соатааш маъмурон танҳо дар бораи Тодашев суол кардаанд ва танҳо дар охир ишора кардаанд, ки гӯиё Миралиев ба шоҳиде таҳдид кардааст.”
Шиблӣ мегӯяд, мақомоти Амрико зимни тафтишот Тодашевро куштаанд ва акнун талош доранд, дар пайи боздошту иттиҳомҳои нав ин гуноҳашонро дар пасманзар қарор диҳанд. Хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” ба нақл аз мақомоти пулиси иёлати Флорида навиштааст, Ашӯрмаҳмад Миралиев яке дӯстон ва ҳамхонаҳои Тодашев ба шумор меравад. Мақомоти пулиси Амрико гуфтаанд, боздошти Миралиев ба тафтишоти қазияи бомбгузорӣ дар шаҳри Бостон ҳеч рабте надорад.
Дар бомбгузории рӯзи 15-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бостон ҳангоми дави марафонӣ, 3 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шуда буданд. Мақомоти амниятии Амрико дар ин ҳодиса ду бародари чечен – Темирлан ва Ҷавҳар Тсарнаевҳоро айбдор карданд. Темирлан дар ҷараёни амалиёти боздошти пулис ба ҳалокат расид.