Бобоназарова: “Наход картошкаи Рашт аз шикояти мо муҳимтар буд?”
Ҳумайрои БАХТИЁР
Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), монеагузории мақомот, бахусус дахолати маъмурони пулис, ба ҷараёни ҷамъоварии имзоро амали тарҳрезишуда донист.
Ӯ, ки дар нишасти хабарии 27-уми сентябр дар қароргоҳи Ҳизби Наҳзати Исломӣ сӯҳбат мекард, аз боздошти даҳ ташаббускори ҷамъоварии имзо дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт (26 сентябр) ёдоварӣ намуд. Хонум Бобоназарова гуфт, дар ҳоле ки раиси ноҳия муҳри дар варақаҳо гузоштаашро тасдиқ кардааст, маъмурони пулис онҳоро барои қалбакӣ будани он боздошт намудаанд.
Вай дар идома ҳолатҳои дигари нақзи ҳуқуқи ҷонибдоронаш аз сӯи пулисро номбар кард: “Як духтараки 19-сола ба назади мо омад. Бовар надоштам, ки ҷавонҳо ба назди мо омада кумак мекунанд. Инҳо барои ҷамъоварии имзо сафарбар шуда бдунад. Баъдан духтарак гуфт, дар назди Боғи ҳайвонот маъмурони милиса “сумка”-и ӯву ҳамроҳонашро кофта, варақа барои ҷамъовраии имзова инчунин сад сомонии онҳоро гирифтаанд. Алакай миёни як ҷавонро шикастанд.”
Абдулманнон Додоев, раҳбари Дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот, ки дар ин нишасти хабарӣ ҳузур дошт, гуфт, ҳар коре аз дасташон меояд, барои номзадҳо хоҳанд кард. Вале ба қавли ӯ, “мушкили милисаҳо ба КМИР бор карда нашавад”.
Ин дар ҳолест, ки Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ситоди интихоботии ӯ аз ҳама пештар ба ҷамъоварии имзо шурӯъ карда, вале ба монеагузориҳои бешумори мақомоти маҳаллӣ дар шаҳру навоҳии кишвар рӯбарӯ омад. Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ, то кунун ба тарафдорияш 21 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудаасту халос. “Ман тарафдори хеле зиёд дорам. Фикр мекардам, сад дарсад имзои заруриро ба зудӣ ҷамъ мекунем. Вале даҳ рӯзи моро бо мушкили эҷодкардаашон гирифтанд. Ман ҳоло мисли пеш гуфта наметавонам, мо зуд имзоро ҷамъ мекунем, чунки вақти моро дуздиданд”,-афзуд Бобоназарова.
Ойниҳол Бобоназарова дар нишасти хабарияш ба барномаҳои телевизионҳои давлатӣ ва даъвати Мулло Ҳайдар барои ҳимяот аз Эмомалӣ Раҳмон низ дахл кард. Ӯ гуфт, суботи ҷомеа дар дигаргунист ва афзуд, "бо Ислом дигар тарсонидан имкон надорад. Ба назари ман, намояндаи ҳар як дин бояд зиндагии беҳтар дошта бошад дар инҷо. Чаро ҳемеша аз нақзи қонун аз тарафи узви ҲНИТ мегуянд. Магар намояндагони ҳизби ҳоким даст ба ҷиноят намезананд? Чаро чизе намегӯянд?" Хонум Бобоназарова ин ҳама мушкилоти дар рӯбарӯяшро ба “Протоколи 32-20” марбут донист, ки хулосаи як ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди мубориза бо мухолифон, бахусус ҲНИТ, буда, соли 2011 тавссути торнами “Звезда.ру” дастраси ҳамагон шуд.
Номзади ислоҳотхоҳон дар ин нишасти хабарияш аз бетаваҷҷӯҳии Кумисюни марказии интихобот ва шахсан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба номаву шикоятҳояш низ шиква кард. Ӯ гуфт, “Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми сафарҳояш ба Аврупо мегӯяд, интихобот шаффоф мешавад. Наход масъалаи картошкаи Рашт муҳимтар аз масъалаи шикояти интихоботии мо буд?” Ойниҳол Бобоназарова гуфт, бо вуҷуди ин ҳама аз идома мубориза даст намекашад ва то охир хоҳад рафт.