Эътимодномаи Фролов, сафири нави Русия дар Тоҷикистон
Игор Лякин Фролов, сафири навтаъини Русия дар Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми сентябр, дар назар аст, ки ба Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаро супорад.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз сафорати Русия дар Душанбе хабар доданд. Ба иттилои манбаъ инчунин дар назар аст, ки Фролов пеши ҳайкали Исмоили Сомонӣ, асосгузори давлати тоҷикон дар майдони Дӯстии Душанбе гулчанбар гузорад.
Сафири Русия дар Тоҷикистон баъди сафари президент, Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав дар аввали моҳи август иваз шуда буд. Бо қарори Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия Фролов дар мақоми сафирӣ Юрий Поповро иваз намуд, ки аз моҳи апрели соли 2009 дар ин вазифа кор мекард.
Фролов аз соли 2010 то моҳи июли 2013 намояндаи доимӣ ва фавқуллодаи Русия дар Созмони амнияти дастаҷамъӣ будааст. Ӯ соли 1948 таваллуд шуда, солҳои 1995-1999 сафири Русия дар Бурундӣ будааст.