Шоимардонова ба президент: "Фасодкорӣ дар донишгоҳҳо дурӯғ аст"
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 27-уми сентябр дар ноҳияи Нуробод хишти аввали Коллеҷи муҳандисӣ-техникиро гузошта, дар маросими ифтитоҳи бинои ҳукумати ноҳия иштирок кардааст.
Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон инчунин як маркази савдо ба истифода дода шуд, ки 25 ҷои корӣ дорад: “Як зани соҳибкор дохили Маркази савдо як сехи дӯзандагӣ ташкил кардааст, ки барои 20 духтари маҳаллӣ ҷойи корӣ таъсис додааст.”
Шарифзода мегӯяд, Гулистон Шоимардонова, як соҳибкорзан, ба президент гуфтааст, нуқтаи назари бархе аз мардум, ки гӯиё бе маблағ таҳсили фарзандон ғайриимкон аст, ботил мебошад. “Зеро ман дар таҷриба дидам, ки агар фарзандон аз хурдӣ дониш андӯзанд, метавонанд бе ҳеч гуна хароҷот ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шаванд. Ман як фарзандам дар Донишгоҳи технологӣ ва дуюмаш дар филиали Донишгоҳи Маскав ба номи Ломоносов дар Душанбе таҳсил мекунанд ва духтарчаам имрӯз дорандаи стипендияи президентӣ дар мактаб мебошад”,-афзудааст ӯ.
Ба иттилои сухангӯи президент, баъдан мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳияи Нуробод сурат гирифтааст. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чошанбеи 25-уми сентябр бо як сафари корӣ ба минтақаи Рашт рафта, бо Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик, ҳам гуфтугӯ кардааст.