Ҳимояти наҳзатиҳо аз Маҳмадҷонов, пеш аз пахши "филм"-и ТВТ
Бахши ноҳиявии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Қумсангир аз фишорҳои охир болои худ аз тарафи шуъбаи корҳои дохилии ин минтақа бо пахши як изҳорот шикоят кардааст.
Дар ин изҳорот, ки дар сомонаи расмии ҲНИТ шоми 26-уми сентябр нашр гардид, гуфта мешавад, Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Қумсангир бо ҳар сабку услуб талош доштааст, шаъну шарафи бахши ноҳиявии Ҳизби наҳзат дар ин минтақа, бахусус раиси он Қурбон Маҳмадҷоновро паст занад. Инчунин, раёсати бахши ноҳиявии ҲНИТ аз монеа эҷодкунии мақомоти пулиси Қумсангир дар рафти имзоҷамъоварӣ ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, шикоят карда, гуфтааст, овозаҳо дар бораи Қурбон Маҳмадҷонов беасос ва туҳмат буда, ин барномаҳо тарҳрезишуда мебошанд.
Раёсати ин бахши ҲНИТ дар изҳороти худ аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир қотеона талаб кардааст, ба ингуна туҳмат ва барномаҳои тарҳрезишудааш хотима бахшад. Бар асоси ин изҳорот, раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир ният дорад, аз болои Шуъбаи корҳои дохилии ин минтақа ба додгоҳ шикоят барад.
Ин дар ҳолест, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон тӯли чанд рӯз мешавад, эълон мекунад, ки шоми 27-уми сенябр “филм”-еро дар бораи Қурбон Маҳмадҷонов ба намоиш гузорад. Намоиши ингуна филмҳо аз тарафи шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон бори нахуст набуда, дар гузашта низ як қатор филмҳое ба намоиш гузошта шуда буданд, ки аз бархе “қаҳрамонон”-и онҳо узви ҲНИТ ном бурда шуда буд.