Маҳмадалӣ Ҳайит аз ... "гиребони Амрико гирифт"
Маҳмадалӣ Ҳайит, раиси ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, дар ғайришаффоф гузаштани интихоботҳои президентии кишвар "гиребон"-и созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳомии демократия, бахусус Амрикоро, гирифтааст.
Оқои Ҳайит, ки рӯзи 26-уми сентябр дар ин бора бо Николас Ч. Катсакис, котиби якуми сафорати Амрико дар Тоҷикистон, сӯҳбат мекард, гуфт, айби ин созмону кишварҳост, ки дар Тоҷикистон муддати 20 сол мешавад, интихоботҳо ғайридемократӣ ва ғайришаффоф баргузор мегарданд. Ӯ мегӯяд, “ин созмонҳо ба хотири манофеи геополиткӣ давоми 20 сол аст, бо режими авторитарии Тоҷикистон хамкорӣ дошта, ба ҳама чиз чашм мепӯшанду танҳо ба нашри изҳорот ва баёнияҳо иктифо мекунанд.”
Раиси ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова аз он изҳори нигаронӣ карда, ки дар ҳайати комиссияҳои ҳавзавии интихобот аз тарафи Кумисюни марказии интихобот танҳо ба аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон роҳ дода шуда, рӯйхати пешниҳодшудаи аъзо ва ҷонибдорон аз тарафи ҲНИТ ба ҳавзаҳо рад гардидааст.
Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ҳайит, Комиссияҳои участкавии интихобот низ бо ҳамин шакл аз ҳисоби аъзои ҳизби ҳоким-ҲХДТ ташкил карда мешаванд: “Бинобар ин ба шаффоф, озод ва демократӣ гузоштани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон , агарчанде президенти Тоҷикистон кафолат додааст бовар кардан ғайриимкон мебошад.”
Дар навбати худ Николас Ч. Катсакис изҳор доштааст, Амрико аз демократия дар минтақа ҷонибдорӣ мекунад ва раванди интихоботи карибулвуқӯи президентӣ дар Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби мавозини байналмилалӣ зери назорат хоҳанд гирифт.