Омад-омади зимистон сохтмони Маркази гармидиҳӣ дар Душанберо тезонд
Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон бо наздикшавии фасли сармо теъдоди сохтмончиёни «Маркази барқу гармидиҳӣ-2»-и Душанберо зиёд карда, аз ҳафтаи оянда ба 1500 нафар хоҳад расонд.
Тибқи иттилои Вазорати мазкур дар сохтмони Марказ зиёда 1500 коргар ва 160 адад техника машғули кор хоҳанд буд: "Ҳоло сохтмони дегхонаи № 1 ва лӯлаи дудбарор пурра ба итмом ва сохтмони иншооти обсардкунӣ ба баландии 87 метр расонида шудааст."
Ин маркази гарму барқдиҳӣ 200 МВт иқтидор дошта, қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, ки марҳилаи аввали он то оғози фасли сармои имсола ба истифода дода шавад.
«Маркази барқу гармидиҳӣ-2» тибқи созишномаи байни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон,ширкати «ТВЕА»-и Чин ва ҷамъияти «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» бо усули «захиравӣ» бунёд шуда истодааст.