Озодии Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гуруҳи 24" аз боздоштгоҳе дар Дубай
Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии “Гурӯҳи 24”, ки охири соли гузашта бо дархости мақомоти тоҷик дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуда буд, рӯзи 26-уми сентябр аз зиндон раҳо шудааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Николай Николаев, вакили мудофеи Қувватов, хабар дод ва ин иттилоъро Қумрӣ Ҳафизова -- ҳамсари Умаралӣ низ тасдиқ кард. Николаев гуфт, Қувватов айни ҳол дар озодист ва ҳақ дорад, қаламрави Дубайро тарк кунад: “Аммо дар бораи нақшаҳои Қувватов ба далоили амниятӣ ҳоло чизе намегӯем. Мо талош дорем, он парвандае, ки алайҳи Қувватов сохта шудааст, пурра лағв гардад, чун он хислати сиёсӣ дорад.”
Умаралӣ Қувватов тобистони соли гузашта дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дода ва аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд, то дар интихоботи президентӣ номзадиашро нагузорад. Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши сӯзишвории Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.
Баъд аз таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба дуздии 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурда, ҳафтаи гузашта бо як пайми аудиоӣ эълон карда буд, ки ба зудӣ озод хоҳад шуд.