Кӯлоб дар интизории варзишгарони ҷавон
Гӯштингирони навъи юнонӣ-римии синнашон 14-16 сола дар шаҳри Кӯлоб ҷамъ меоянд.
Тибқи иттилои Валъамат Неъматова, масъули кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ин мусобиқа ба ифтихори 20- солагии истиқлолияти давлатӣ баргузор гардида, наврасони солҳои таваллудашон 1995-1997 байни ҳам сабқат хоҳанд кард. Зимнан, иштироки дастаҳои вилоёти Суғд 1, 2, Хатлон 1, 2, ВМКБ, шаҳри Душанбе 1, 2, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва водии Рашт пешбинӣ шудааст. Варзишгарон дар вазнҳои 42кг, 46кг, 50кг, 58кг, 63кг, 69кг, 76кг, 85кг ва 100кг қувваозмоӣ карда, санаи баргузории он 28 ва 29-уми май дар назар аст.