Нусхабардорӣ ва тақсими сӯҳбати Додоҷон Атовуллоев дар парлумон
Суҳбати ихтисосии Додоҷон Атовуллоев, раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” бо нашрияи “Нигоҳ” нусхабардорӣ ва ба вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тақсим карда шудааст.
Сайдумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси Намояндагон дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, гуфт, “ба ман низ як нусха аз ин суҳбати Атовуллоев расидааст”. “Вале азбаски раиси Кумитаи мо ҳузур надошт, ҳадаф аз ин иқдом ҳанӯз шарҳ дода нашудааст”,-афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Ҳусайнӣ, сабаби аслии тақсим намудани ин суҳбат расонидани суханҳои манфии Атовуллоев дар бораи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), бахусус Муҳиддин Кабирӣ – раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ба вакилони парлумон мебошад: “Ҳар чизе, ки ба ҳукумат мақбул меафтад, аввалин шуда, онҳоро ба вакилонаш мерасонад. Бахусус, ин суҳбат, ки дар он ҲНИТ, раҳбарияти он ва ИНИТ мазаммат шудаанд.”
Сайидумар Ҳусайнӣ аз ин иқдоми ҳукумат иброзӣ нигаронӣ намуда, мегӯяд, ҳоло дар кишвар ягон ақли солим боқӣ намондааст. Ӯ гуфт, “худи ҳамин Атовуллоев тариқи шабакаи телевизионии К+ дар бораи ин ҳукумат ҳарфҳои баде мегуфт, ки аз он мо низ нороҳат мешудем. Чун билохира дар бораи ватани мост. Вале имрӯз суханҳои ӯро чоп карда, тақсим мекунанд.”
Нашрияи “Нигоҳ” ахиран суҳбати ихтисосии Фаридуни Раҳнавард бо раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”-ро ба нашр расонд, ки дар он аз мавқеъгириии ҲНИТ ва раҳбарияти ону аъзои ИНИТ дар мавриди пешбарии номзади ягона интиқод шудааст. Оқои Атовуллоев дар ин сӯҳбати худ хулоса карда буд, ки “Муҳиддин Кабирӣ охирин умеди мардумро кушт”.