Поёни "мӯъҷиза"-и табдил шудани Алифмо ба "писар"
“Мӯъҷиза”-и табдил шудани Алифмо Каримова, сокини ҷамоати Кабуд Сайфиддинови ноҳияи Панҷ ба писар, дурӯғ баромад. Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 25-уми сентябр бо пахши як барнома овозаҳо дар бораи ин “муъҷиза”-ро беасос хонда, гуфт, ин духтар дар пайи гирифторӣ ба васвасаҳои зиёди орзуҳояш ба ин ҳолат дучор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, баъд аз паҳн шудани ин овозаҳо як гуруҳ аз ҷониби кормандони ҳукумати маҳаллӣ, духтурон ва донишмандони улуми исломии ин ноҳия таъсис дода шуда, баъд аз муоинаи тиббӣ ба хулосае омадаанд, ки ин “муъҷиза” дурӯғ буда, Каримова бо бастани баъзе аз ашё ба баданаш худро писар нишон медодааст.
Равоншинос ва яке аз аъзои гуруҳ гуфт, баъзан инсон ҳангоме ки зери васвасаи зиёди орзуҳои худ фурӯ мемонад, даст ба ингуна иқдом мезанад. Худи ин духтар, Алифмо Каримова мегӯяд, ба хотири шунидани бархӯрд ва вокунишҳои ҷомеа ба ин қазия даст ба чунин иқдоме задааст: “Чун дар хона худам танҳо мондам, гуфтам, кань боре чунин кунам чӣ мешавад.”
Ба гуфтаи Каримова, падару модари ӯ ҳангоми шунидани ин хабар аввал дар ҳайрат монда, сипас аз ночорӣ ва азбаски ба онҳо иҷоза намедодааст, ӯро муоина кунанд, бовар кардаанд: “Онҳоро намемондам, ки маро бубинанд, мегуфтам дар хоб ба ман амр шудааст, то ба касе худро нишон надиҳам.”
Мирзомурод Каримов, падари Алифмо, мегӯяд, баъд аз он ки духтараш гуфтааст, хоб дидаву низ дар духтур барояш гуфтаанд, ту писарӣ бовар карда, духтари худро ба сартарашхона мебарад. Мӯи сарашро мисли писарон паст карда, аз бозор ба ӯ либосҳои бачагона харидааст. Вай мегӯяд, ҳатто ният дошт бо баргузории як маърака номи духтарашро аз Алифмо ба Абӯбакр табдил диҳад.
Сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Панҷ мегӯяд, аз аввал дурӯғ будани ин овозаҳоро дониста, дар ин қазия волидайни Алифмо Каримоваро гунаҳкор меҳисобад: “Дар таърихи Ислом ягон бор чунин ҳолат рух надодааст ва Худованд чун занро медонад, ки рисолати занонаро анҷом дода метавонад, ӯро зан меофарад ё худ мард ҳам ҳаминтавр. Инҷо айби падару модар аст, ки бояд ин духтарро бо пӯшидани либосҳои духтарона машғул менамуданд. Шояд ин духтар ягон ҳавасаш омадааст ё пул ҷамъ кардан мехост.”
Ахиран овозаи табдили духтари 19-сола ба писар дар ноҳияи Панҷ паҳн гардид, ки ин ҳодиса садҳо сокини ин минтақаро ба ҳайрат гузошт. Қаблан чанде аз сокинони Панҷ бо “Озодагон” тамос гирифтаву гуфтанд, ин ҳодиса ҳанӯз ду моҳи қабл, дар Шаби Қадр, иттифоқ уфтода, вале ин духтар аз шарм то ҳоло худро пинҳон медоштааст.
АЛИФМО КАРИМОВА ДАР ЛИБОСИ ДУХТАРОНА ВА ПИСАРОНА: