Маҳмадалӣ Ҳайит: “Ба баргузории як интихоботи шаффоф бовар надорем!”
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), маъсулони Кумисюни марказии интихоботро барои мутеъ буданашон ба ҳукумати кунунӣ муттаҳам кард. Ӯ дар ҷаласаи Кумисюни марказии интихобот, ки бо ҳузури намояндагони аҳзоб рӯзи 25-уми сентябр баргузор шуд, дар ин бора ҳарф зад.
Оқои Ҳайит барои асоснок кардани фикраш гуфт, “гумон доштем, номзадҳо дар ҷамъоварии имзо бо мушкил рӯбарӯ намешаванд. Аммо чунин нашуд. Мо аз рӯзи аввали ҷамъоварии имзоҳо дар баъзе ноҳияҳо дучори мушкилҳои зиёд шудем.”
Муовини раиси ҲНИТ дар хитоб ба мақомоти КМИР гуфт, “Шумо ҳар чиз ҳам, ки гӯед, аммо ман рӯирост мегӯям, ки Шумо мустақил нестед. Чаро, ки ваъда дода будед, ба монеаэҷодкуниҳои баъзе раисону масъулини ноҳияҳо дахолат мекунед аммо то имрӯз аксарияти мушкилоти ҷойдошта ҳалли худро пайдо накардааст. Гузашта аз ин, дар ҳамаи комиссияи ҳавзаҳо аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон нишастаанд ва маълум аст, ки онҳо барои кӣ хизмат мекунанд. Мо ба шаффофу демократӣ гузаштани интихобот бовар надорем!”
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон, ин иддаои Маҳмадалӣ Ҳайитро рад карда ва гуфт, “комиссияи ҳавзаҳо на ҳамаашон аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистонад, балки аз доираи гуногуни ҷамъият интихоб гардидаанд. Мо ба ҳизбияти онҳо таваҷҷуҳ накардаем.”
Ҷаноби Шоҳиён афзуд, мувофиқи иттилое, ки ба Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ расидаанд, дар раванди ҷамъоварии имзоҳои шаҳрвандон баъзе монеа эҷодкуниҳо ва проблемаҳо пайдо мешаванд: “Роҳбарияти КМИР дар якҷоягӣ бо мутасаддиёни азҳоби сиёсӣ барои пешгирӣ кардани чунин ҳолатҳо тамоми тадбирҳоро меандешад.” Раиси Кумисюни марказии интихобот гуфт, онҳо бо раисони ноҳияҳо сӯҳбат мекунанд, то барои ҷамъоварии имзҳо бо гуруҳҳои ташаббускори ҳизбҳои сиёсӣ ҳамкорӣ намоянд.
Дар ин ҷаласаи Кумисюни марказии интихобот дар баробари намояндагони азҳоби сиёсӣ масъулини мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти даъватӣ низ иштирок доштанд. Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, ҳадаф аз ин ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҷамъоварии имзо буд, ки дар изҳороти расмии яке аз номзадҳо ба мансаби президент тавассути воситаҳои ахбори омма таъкид шудааст.