АКС: Боздошти зиёда аз 80 “Тангем”-у “Старекс” дар Душанбе
Нозирони роҳ дар давоми ду рӯзи амалиёти махсус алайҳи мусофиркашҳои ғайриқонунӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 80 “Старекс” ва “Тангем”-ро, боздошт кардаанд.
Ин амалиёти махсус баъди эродҳои Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, ки дар ҷаласаи ахири шаҳрдорӣ аз нақзи қонунҳо ҳангоми мусофиркашонӣ дар пойтахт танқид кард, роҳандозӣ шудааст.
Тибқи иттилои Зиёратшо Хушов, муовини сардори БДА-и шаҳри Душанбе аз 23 сентябр дар роҳҳои пойтахт амалиёти махсус алайҳи мусофиркашҳои ғайриқонунӣ оғоз гардида то 10 рӯз идома хоҳад ёфт: “Ронандагон барои насби курсиҳои зиёдатӣ ва надоштани иҷозатнома ҷарима карда мешавад. Маблағи ҷарима барои насби курсиҳои зиёдатӣ ва зиёд савор кардани мусофирон аз 40 то 80 сомонӣ ва барои надоштани литсензия аз 400 то 800 сомонӣ пешбинӣ шудааст.”
Хушов афзуд, “ронандагоне, ки рақамҳои зард доранду роҳхат надоранд ё ки дар хатсайри муқаррарии худ фаъолият намекунанд, ҷаримабандӣ ва воситаи нақлиёташон ба ҷаримагоҳ бурда мешавад. То ҳалномаи суд содир нашавад, нақлёташон дар ҷаримагоҳ нигоҳ дошта мешавад.”