Дастури раис ва пахтачинии ройгони имомхатибон дар Суғд
Беш аз 100 имомхатибу кормандони масоҷиди шаҳри Хуҷанд, дар доираи дастури раиси Суғд барои ҷамъоварии беталафи пахта ба саҳро сафарбар мешаванд.
Хӯҷамир Хӯҷамиров, муовини раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд ба «Озодагон» гуфт, ки рӯзи панҷшанбе, 26- уми сентябр 100 нафар имомхатибон ва кормандони масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Хуҷанд, барои пахтачинӣ ба ноҳияи Зафаробод сафар мекунанд. Хуҷамиров афзуд, ки имомхатибон танҳо барои як рӯз барои ҷамъоварии пахта ба деҳқонон кӯмак мерасонанд.
Муҳаббат Бобоҷонова, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, низ ин хабарро тайъид карда гуфт, «барои ғунучини пахта ҳамаи корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо сафарбар шуда истодаанд. Қарори раиси вилоят, Қоҳир Расулзода, «Дар бораи тадбирҳои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи соли 2013» ба тасвиб расидааст ва мардум ин қарорро дастгирӣ карда истодаанд. Аз ҷумла рӯзи панҷшанбе 100 нафар имомхатибон ва собиқадорони масоҷид ба ҷамъоварии пахта мераванд.»
Ин дар ҳолест, ки солҳои ахир имомхатибони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар мавсими ҷамъоварии пахта барои чидани «тиллои сафед» ба саҳро мебароянд. Соли гузашта низ имомхатибони масоҷиди шаҳри Хуҷанд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар карда, дар давоми як рӯз ройгон пахтачинӣ карда буданд.