Қоимдодов дар рухсатӣ, касе дар бораи писараш чизе намегӯяд
Бо гузашти бештар аз як ҳафта ҳанӯз мақомот дақиқ накардаанд, ки оё писари Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларус, дар қочоқи 2,5 кило ҳероин даст дорад, ё на.
Рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ як масъули гумрук дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар дода буд, ки Қоимдод Қоимдодов -- писари Қозидавлат Қоимдодов дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шудааст. Манбаъ гуфта буд, Қоимдодов дар ҳоле боздошт шуда, ки талош доштааст, тариқи хатсайри Душанбе-Маскав дуним кило ҳероинро интиқол бидиҳад.
Додситонии нақлиёти Тоҷикистон, ки таҳқиқи ин қазияро бар дӯш дошт, охири ҳафтаи гузашта аз анҷоми тафтиши парванда хабар дода буд. Вале масъулони Додситонӣ рӯзи 24-уми сентябр ба ҷои эълони хулосаи тафтиш гуфтанд, “ҳанӯз санҷиш ба поён нарасидааст”. Хадамоти гумрук ҳам то кунун дар ин замина сукутро ихтиёр карда, дар ҷавоб мегӯяд, “мо ҳанӯз хулосаи додситониро дастрас накардем”. Талоши мо барои дақиқ кардани ин қазия аз сӯи худи Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларус, ҳам бенатиҷа буд.
Як корманди сафорат дар сӯҳбат бо мо гуфт, оқои Қоимдодов чанд муддат аст, ки ба рухсатӣ баромада, онҳо наметавонанд ин қазияро шарҳ бидиҳанд. Мусоҳиби мо афзуд, рухсатии сафир 56 рӯз тӯл мекашад ва ин рухсатӣ ба қазияи писараш ҳеч иртиботе надорад. Ин дар ҳолест, ки қаблан баъзе аз расонаҳо гуфта буданд, Қоимдодов барои озод намудани писараш ба Тоҷикистон омадааст.
Қозидавлат Қоимдодов аз моҳи октябри соли 2009 сафири Тоҷикистон дар Беларус мебошад. Дар соли 1992 муовини раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва аз соли 1995 то 2000 вакили парлумон буд. Вай ба ҳайси ноиби нахуствазир ва ҳамоҳангсози барномаҳои Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ва сафири кишвар дар Туркманистон низ кор кардааст.