Ошкори 24 кило мухаддирот аз мошини сокини Шӯрообод
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи як амалиёт дар Душанбе аз автомашинаи як сокини ноҳияи Шӯрообод наздики 24 кило маводи мухаддир ошкор шудааст.
Ба иттилои манбаъ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шаҳрванд Баротов Ҷамшед Мирзоевич, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Шӯрообод дастгир гардид: “Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи шахсиаш, тамғаи «ВАЗ-2121», рақами давлатиаш 33-61 АН 01, аз дохили пинҳонгоҳи махсус 23 килою 740 грамм маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира карда шуд.”
Манбаъ афзуд, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотии иловагӣ, муайян гардид, ки маводи нашъадори дарёфтшуда, ба шаҳрванд Сафаров Зариф Шарипович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Шӯрообод тааллуқ доштааст. ВКД мегӯяд, айни ҳол нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.