Ҳимояти шаҳрдорӣ аз ҳиҷоби донишомӯзон
Мелисбек Мирзоаҳмадов, шаҳдори Уши Қирғизистон аз ҳуқуқи донишомӯзони рӯсарипӯши ин минтақа ҳимоят кардааст.
Мирзоаҳмадов, ки рӯзи 24-уми сентябр дар ҷаласаи шаҳрдории Уш дар ин бора суҳбат мекард, ба мақомоти зирабт дастур додааст, то ҳуқуқи ҳиҷобдоронро поймол накунанд.
Шаҳрдори қирғиз мегӯяд, ки кишвараш як давлати демократӣ буда, интихоби дин дар он озод аст, бо вуҷуди ин ҳанӯз қонуне дар бораи либоси ягонаи мактаббачагон дар Қирғизистон қабул нашудааст: “Аз ин рӯ, шаҳрдорӣ ҳақ надорад, духтаронро аз ба бар кардани ҳиҷоб ва пӯшидани либосҳои мазҳабии худ манъ кунад.”
Мелисбек Мирзоаҳмадов гуфтааст, нисбат ба оне ки духтарон ба марокизи дилхӯшӣ рафта, нушокиҳои спиртӣ менӯшанд, беҳтар аст, бигзоред, донишомӯзон ҳиҷоб ба бар намуда, як зиндагии хубу дурусти мазҳабиашонро дошта бошанд.
Шаҳри Уш, ки аз он пойтахти ҷанубӣ низ ном бурда мешавад, дар минтақаи ҷануби Қирғизистон ҷойгир буда, бо зиёда аз 230 ҳазор сокини худ, дюмин шаҳри сераҳолитарини ин кишвар маҳсуб мешавад.