Дари бастаи раисони Панҷу Қумсангиру Шаҳристон ба рӯи ташаббускорони номзади ИНИТ
То имрӯз раҳбарони 44 шаҳру ноҳияи кишвар варақаҳои имзоҷамъоварӣ ба ҷонибдорӣ аз номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон - Ойниҳол Бобоназароваро имзо гузоштаанд.
“Ноҳияи Қубодиён, ки бо ҳар баҳона ба гуруҳҳои ташаббускор посух намедод, субҳи имрӯз раиси ноҳия намояндаҳои Ойниҳол Бобоназароваро ба ҳузур пазируфта, қарори раёсати бахш дар мавриди гуруҳҳои ташаббускорро талаб кардааст”,-гуфтанд ба “Озодагон” аз маркази матбуотии ситоди интихоботии ИНИТ.
Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Панҷ ҳанӯз ҳам гуруҳҳои ташаббускори номзади ИНИТ-ро қабул намекунанд. “Дар ноҳияҳои Қумсангиру Шаҳристон низ вазъият ҳамин гуна аст”,-афзуд манбаъ.