Омодагии сафорат барои баргузории интихобот дар Бишкек
Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон омодагии худро барои гузаронидани маъракаи интихоботи президентӣ дар ин кишвар эълон доштааст.
Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба “Озодагон” хабар доданд, ин ниҳод ҳамаи номҳои донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки муваққатан дар ин кишвар ба сар мебаранд, барои иштирок дар интихоботи президентӣ ҷамъоварӣ кардааст.
Ба иттилои манбаъ, сандуқи овоздиҳӣ дар худи сафорат ҷойгир шуда, тибқи феҳристи аввалия ҳудуди 800 донишҷӯи тоҷик дар Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон барои иштироки тоҷикистониёни бурунмарзӣ дар интихоботи президентӣ дар қаламрави 25 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Федератсияи Русия-шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Твер, Тула, Ярославл, Рязан, Калининград, Саратов, Волгоград, Қазон, Уфа, Нижний Новгород, Краснодар, Астрахан, Екатеринбург, Тюмен, Челябинск, Красноярск, Благовешенск, Новосибирск, Самара, Перм ва инчунин дар Хабаровск, дар Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон), дар Беларус - шаҳри Минск, дар Қазоқистон - Остона, дар Қирғизистон - Бишкек, дар Озарбойҷон - Боку, дар Туркманистон - Ишқобод, дар Узбакистон - Тошканд, Украина - Киев, Эрон - Теҳрон, Машҳад, Мисри Араб - Қоҳира, дар Арабистони Саудӣ - Ар-Риёз, шаҳрҳои Макка ва Мадина, дар Аморати Муттаҳидаи Араб - Дубай ва Абу-дабӣ, дар Қатар - Доҳа, Ҳиндустон - Деҳлӣ, Афғонистон - Кобул, Мазори Шариф, Файзобод ва Қундуз, дар Покистон - Исломобод, Туркия - Анқара ва Истанбул, Чин - шаҳрҳои Пекин, Урумчӣ, Ҷопон Токио, Амрико - Вашингтон, Ню Йорк, дар Белгия - Брюссел, дар Олмон - Берлин, дар Бритониё - Лондон, дар Швейтсария - Женева, дар Австрия - Вена ташкили нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар назар аст.
Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ, дар рӯзи Қонуни асосии Тоҷикистон, баргузор хоҳад шуд. То кунун шаш номзад ба ин мақом муаррифӣ шуда, аҳзобу созмонҳои дигар номзади худро то рӯзи ҳафтуми октябр мушаххас хоҳанд кард.