Хомӯшии райиси ноҳияи Ҳамадонӣ дар баробари як саволи журналист
Хӯҷамурод Фазлиддинов, райиси ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли равон барои таъмири роҳҳои нақлиётгард дар ҳудуди ин мавзеъ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 100-ҳазор сомонӣ ҷудо гардидаст.
Аз ин шумора 70-ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои маркази ноҳия ба идораи коммуналӣ ва 30-ҳазори дигар ба идораи нигаҳдории роҳҳо барои таъмири роҳҳои байнихоҷагӣ гузаронида шуда, дар ҳоли ҳозир таъмири роҳҳо идома дорад. Гузашта аз ин, 60-ҳазор сомонии дигар аз ҳисоби вазорати нақлиёт ба идораи роҳсозии ноҳия барои таъмири роҳҳои аҳамияти ҹумҳуриявӣ дошта, дар ҳамин муддат пардохт шудааст. Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳия гуфт, «дар 6-моҳи гузашта 35-километр роҳҳои нақлиётгарди ноҳия пурра аз таъмир баромаданд». Аммо ба саволи кадом роҳҳо ва дар кадом мавзеъ, ҷаноби раис хомушӣ ихтиёр кард.
Гуфта мешавад, дар маркази ноҳия роҳҳо таъмир ёфта истодаанд, аммо маблағи барои он ҷудошуда гуё аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бошад, баҳсталаб боқӣ мемонад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Сафаралӣ Абдуллоев, сардори идораи хоҷагии нақлиёт ва нигаҳдории роҳҳо дар минтақаи Кўлоб, «дар нимсолаи аввали соли равон дар 10-муассисаи нигаҳдории роҳҳои минтақа аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳамагӣ 119-ҳазор сомонӣ ворид гардидааст». {jathumbnail off}