Блог: Сӯҳбати ғайриинтизор бо деҳқоне дар бораи номзадҳо
Рустам МАҶИДОВ
Рӯзи якшанбе дар бозор бо як деҳқони кӯҳансол, ки қаблан муаллим будааст, ҳамсӯҳбат шудам. Ҳангоми хариди мева, мӯйсафед дастгоҳи аксбардориро дида, аз шуғлам пурсид. Гуфтам, хабарнигорам.
-Журналист бошӣ, хабар дорӣ, ягон гапи нав атрофи интихобот ҳаст?
-Алҳол ягон навигарии муҳим, ғайр аз пешниҳоди номзадҳо, нест.
-Чор-то шуд-а?
-Дирӯз панҷумашро пешниҳод карданд.
-Эмомалиро (Раҳмон) пешниҳод карданд?
-Бале, дирӯз, дар ҷаласаи Иттифоқи ҷавонон.
-О, вай синну солаш аз ҷавонӣ кайҳо гузаштагию…
-Хайр, анҷуман ҳамин хел қарор қабул кардааст.
-Ягон одами нав ҳаст?
-ҲНИТ номзадро аз ҳизби худ нею номзади ягонаи нерӯҳои ислоҳотхоҳ – Ойниҳол Бобоназароваро пешбарӣ кард, ки ба фикрам ягона одами нав мешавад. Лекин ҳоло вақт ҳаст, дигарон шояд ягон каси дигари навро пешниҳод кунанд.
-Эҳ, Ҳизби наҳзат ба наздикӣ аз байн меравад…
-Чаро?
-Эҳ, бачам, ин намоишҳо корашона мекунанд. Гап сари фақат барномаҳои телевизионӣ нест. Агар ҳизби динӣ ба чунин амалҳо даст зада бошанд, аз онҳо чӣ ҷои умед?
-Ҳама ҷинояткорон наҳзатӣ нестанд-ку...
-Чи қадаре набошад, ҳамин ҳукумат як чизро медонад, ки ҳамин хел барномаҳоро пахш кардааст.
-Розӣ ҳастед, ки одам аз тарси ҷон ва зери шиканҷа, ҳар чиро метавонад гӯяд?
-Фикр мекунӣ, он ҷавонро маҷбур кардаанд чунин баромад кунад?
-Ман чизеро таъйид ё рад намекунам, чун аз ҳама ҷузъиёти воқеа хабар надорам. Аммо ҳама мусалмонон ҷинояткор ва ҳама ҷинояткорон наҳзатӣ нестанд. Гуноҳи як нафарро ба тамоми ҳизб нисбат додан дуруст нест.
-Охир, гуфтааст-ку, устодонаш аз ҲНИТ будаанду ба чунин кор равона кардаанд...
-Таълимоти зиддиҳукуматӣ ба куштори як кӯдак чи андоза рабт дорад? Агар дар ҳақиқат зидди ҳукумати вақт бошад, чаро фарзанди як оилаи оддиро куштааст, на фарзанди ягон амалдорро?
-Инашро намедонам, лекин ҳамон корро кардааст-ку.
-Аз руи мантиқ ва суханони худаш гирем, куштани ҳамон кӯдак ба таълимоти зиддиҳукуматӣ рост меояд?
-Не...
Пас аз пардохти қимати себ ва ҳангоми хайрухуш пирамард гуфт, эҳтиёт бошам, чун вазъ чандон содаву одӣ нест.
-Ин қадар гапу калоча бетаъсир намемонад, писарам. Ҳизби наҳзат, дар натиҷаи чунин барномасозиҳо, аз миён меравад. Аммо тафриқаи андохтаи миёни мардум аз дили одамон ба осонӣ пок намешавад. Эҳтиёт бошед, бачам, эҳтиёт...