Бордюжа: Русия ба Тоҷикистон силоҳ ва Белорусия дурбинҳо медиҳад
Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мегӯяд, Тоҷикистон барои ҳимояти марзҳояш бо Афғонистон теъдоди кофии низомиёнро дорад ва кишварҳои СПАД танҳо дар доираи имконияташон ба Тоҷикистон таҷҳизот ирсол хоҳанд кард.
Бордюжа дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, кишварҳои СПАД номгӯйи таҷҳизотеро, ки дар доираи имконияташон метавонанд ба Тоҷикистон диҳанд, таҳия хоҳанд кард: “Аз ҷумла Русия силоҳ ва Белорусия дурбину таҷҳизоти назоратиро ба Тоҷикистон хоҳад дод. Кишварҳои дигар низ таҷҳизотеро, ки барои пешгирии убури марзи Тоҷикистону Афғонистон мусоидат мекунанд, ироа хоҳанд кард.”
Ин талошҳо дар ҳолеянд, ки нерӯҳои НАТО ният доранд, дар соли 2014-ум қаламрави Афғонистонро тарк кунанд ва ин раванд эҳтимоли фаъолшавии гуруҳҳои силоҳбадастро дар ин кишвар ба бор овардааст. Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад ва то соли 2004 онро марзбонҳои рус ҳифозат мекарданд. Ҳоло ин вазифа ба дӯши сарҳадбонони Тоҷикистон вогузор шудааст.