ВКД мегӯяд, имшаб Алимурод Махановро нишон медиҳад
Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, навори боздошту эътирофи Алимурод Маханов ва гурӯҳи ҷиноии ӯ, ки қасди амалҳои террористӣ дар Душанберо доштаанд, бо номи “Аҳримансиришт” шоми 24-уми сентябр тариқи телевизионҳои давлатӣ пахш хоҳад шуд.
Ин гуруҳи даҳнафарӣ узви Ҷунбиши Исломии Узбакистон ва Ҷамоати Ансоруллоҳ, ду созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, буда, ҳафтаи гузашта дар ҳудуди Душанбе боздошт шудаанд. Мақомот мегӯянд, Алимурод Маханов ва гурӯҳи ӯ қасд доштанд, дар остонаи интихоботи президентӣ чаҳор дарвозаи Душанбе ва, инчунин, бинои Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллиро битарконанд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ аз қазия ҳам мегӯяд, ҳангоми боздошт аз ин гуруҳи террористӣ ду таппончаи “Макаров”, тирдон, либосҳои ҷангӣ, камарбанди интиҳорӣ ва китобҳои динӣ ёфт шудааст. Ба қавли манбаъ, худи Алимурод Маханов, сокини 29-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, яке аз парвардаҳои мактаби террористии Вазиристон буда, “шогирдонаш”-ро бо роҳи фиреб ба хориҷ мефиристодааст.
Дар таблиғи барномаи “Аҳримансиришт”, ки аз тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон пахш мешавад, дидан мумкин аст, ки Маханов ин ҳама гуноҳҳоро “ба гардан” мегирад. Дар асл, қарор буд, ин барнома шоми 23-юми сентябр намоиш дода шавад, аммо бо сабабҳои номаълум ин намоиш ба рӯзи 24-уми сентябр гузошта шудааст. Мақомот мегӯянд, шоми 25-уми сентябр инчунин барномаеро дар бораи овозаи табдили як духтар ба писар дар Панҷ намоиш хоҳанд дод.