Мусаллаҳони номаълум муаллимаи мактаби миёнаро тирборон кардаанд
Рӯзи гузашта дар ҳудуди вилояти Фараҳи Афғонистон як гуруҳи номаълуми мусаллаҳ муаллимаи яке аз мактабҳои миёнаро куштаанд.
Бино ба иттилои расонаҳо, мақтул Фарида ном дошта ва замоне мавриди ҳамла қарор гирифтааст, ки савори сабукрав буд. Ӯро, ки ба самти шаҳри Фараҳ, маркази маъумурии вилоят роҳӣ будааст, дар шаҳраки Регии маҳаллаи Пушткоҳ аз мошин берун мекашанд. Ба нақли шоҳидон мусаллаҳон панҷ нафар буда ва Фаридаро дар назди мошин паррондаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Муфаттишон мегӯянд, шояд Фаридаро барои он куштаанд, ки шавҳараш корманди шӯъбаи Комиссияи мустақили интихоботӣ аст. Мақомот мегӯянд, ин ҳамла кори дасти “Толибон” аст, аммо намояндаҳои ин ҳаракат то кунун ин иддаоро тасдиқ ё рад накардаанд.