Шабдолов дар масъалаи Сурия тарафи Русияро гирифт
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ), аз роҳи ҳалли пешниҳоднамудаи Русия барои хотима бахшидан ба нооромиҳои Сурия ҳимоят карда, аз аъзо ва ҳаводорони ҳизбаш хост, аз он ҷонибдорӣ кунанд.
Шабдолов, ки рӯзи 23-юми сентябр дар анҷумани ҲКТ дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, мо бояд аз ин пешниҳоди Русия барои хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ҳимоят кунем, чун ин амал обрӯву эътибори ҳизби моро боло мебарад. Раиси ҲКТ мегӯяд, “имрӯз барои аз байн бурдани нооромиҳои Сурия давлатҳои Ғарб роҳҳали худро пешниҳод мекунанд, ки он ба сарнагунии ҳукумати феълии Димишқ ва сари қудрат омадани “муҷоҳидон” хулоса мешавад.”
Вале ба гуфтаи Шабдолов, ин нерӯҳо сидқан пойбанди ҳамкории дӯстона бо Ғарб нестанд ва дар оянда эҳтимоли истифода шудани силоҳҳои мавҷуда алайҳи худашон вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ин масъаларо бояд Созмони Милали Муттаҳид ҳал кунад. Пешвои коммунистҳои Тоҷикистон гуфт, танҳо ин созмон бояд муайян кунад, ки кӣ аз силоҳи кимиёӣ истифода кардааст: “Мушакҳои куҳнаи русиро, ки ҳоло оҳанпорае беш нестанд, гирифта, бо силоҳи кимиёӣ пур ва дар ҷои воқеа гузоштааст ва мегӯяд ин яроқи кимиёвиро ҳукумати Сурия истифода намудааст.”
Шабдолов илова намуд, Амрико бори аввал нест, ки аз ингуна ҳиллаҳо истифода мекунад: “Замони ба Ироқ ҳамла намудан гуфт, Саддом Ҳусейн силоҳи кимиёӣ дорад, вале таҳқиқот нишон дод, ки ин ҳарфҳо дурӯғ буданд ва эҳтимоли такрор шудани ин барнома алайҳи дигар кишварҳо низ вуҷуд дорад.” Шодӣ Шабдолов изҳор дошт, “мақомоти Русия дар ин бора тавзеҳоти хубе додаанд, ки ин ҳама як ҳангомае беш нест. Онҳо гуфтанд, агар ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия идома ёбад, эҳтимол аст, он ба кишварҳои минтақа ба хусус Осиёи Марказӣ таъсири худро расонад. Инчунин роҳҳои дигаре низ пешниҳод гардид, ки силоҳи кимиёӣ аз Сурия ба Русия бароварда шуда, дар онҷо нобуд сохта шавад ва низ бояд силоҳи кимиёиро дар кулли кишварҳои минтақа манъ кард.”
Раиси ҲКТ таъкид дошт, ки ҷанги шаҳрвандиро бо роҳи низомӣ хотима бахшида намешавад: “Амрико кишварҳоро бомбаборон намуда, яке аз амокини нигаҳдории силоҳи кимиёвиро тарконда, боз мегӯяд, ин кори Асад аст.” Шабдолов бо ёдрас намудани ин нукта, ки тамоми кишварҳои пасошӯравӣ ва Чин аз роҳҳали пешниҳоднамудаи Русия барои хотима бахшидани нооромиҳои Сурия дар Бишкек ҷонибдорӣ намуданд ва аз тамоми иштирокдорон ва аъзои ҲКТ хоҳиш кард, ки аз он ҳимоят кунанд.