Шӯрои Маҷлиси Намояндагон созишномаи пойгоҳи 201-ро ба баррасӣ гирифт
Шӯрои Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, рӯзи 23-юми сентябр тарҳи созишномаи будубоши низомиёни пойгоҳи 201-и Русияро ба баррасӣ гирифтааст. Ин тарҳи созишнома моҳи октябри соли гузашта аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Душанбе имзо шуда ва дар сурати тасвибаш ҳузури низомиёни русро то соли 2042 дар Тоҷикистон таъмин хоҳад кард.
Тарҳи созишномаи будубоши низомиёни рус рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои тасвиб ба парлумони кишвар фиристода шуда буд. Шӯрои Маҷлиси Намояндагон қарор кардааст, ки ин тарҳи созишномаи миёни Душанбеву Маскав рӯзи якуми октябри соли ҷорӣ, дуруст, рӯзи оғози кори вакилони парлумон, баррасӣ хоҳад шуд.
Пойгоҳи 201-и Русия бо тақрибан 7 ҳазор сарбозу афсар бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷ дониста мешавад. Бар пояи созишномае, ки ҳамакнун барои тасдиқ ба парлумони Тоҷикистон ироа шудааст, замони ҳузури ин пойгоҳ ба камияш то соли 2042 тамдид хоҳад шуд.