Узбакҳо аз тоҷикон дида, бештар ба Русия мерафтаанд
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар шаҳрвандони Узбакистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия сафар мекунанд.
Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия омори дақиқи муҳоҷирони кориро, ки ҳоло дар ин кишвар ба сар мебаранд, нашр кардааст. Ин хадамот мегӯяд, миёни муҳоҷирони кории Русия мардуми узбак пешсаф буда, айни замон 2 миллиону 734 ҳазору 484 нафар шаҳрвандони Узбакистон дар ин кишвар ба кор машғул будаанд, ки аз ин нишондод, 2, 285,774 нафар мард ва 448,710 зан мебошад.
Тибқи омори мазкур, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар мақоми дуюм қарор дошта, ҳоло ҳудуди 1 миллиону 230 ҳазор тоҷик дар ин кишвар мебошад.
Қазоқистон ва Қирғизистон дар ин феҳрист батартиб дар мақоми сеюм ва чаҳорум қарор дошта, аз аввали 602 ҳазору 241 нафар ва дуюмӣ 576,241 нафар шаҳрвандонашон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия сафар кардаанд.
Аз миёни шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҳама кам туркманҳо барои ҷои кор ба Русия мерафтаанд. Ба гуфтаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ҳоло 22 ҳазору 952 нафар шаҳрванди Туркманистон дар ин кишвар мебошанд.