Барканории муовини сарвазир барои бадрафтории писаронаш
Ҳоҷимуҳаммад Муҳаммадов, муовини сарвазири Туркманистон барои бадрафтории фарзандонаш аз вазифаи худ сабукдуш гардид.
Муҳаммадов рӯзи 20-уми сентябр бо фармони Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар ҷаласаи васеи ҳукумати ин кишвар барканор шудааст.
Расонаҳои хабарии ин кишвар мегӯянд, муовини нахуствазири Туркманистон дар ҳоле барканор шудааст, ки вазири умури дохилии ин кишвар аз бадрафтории фарзандони Муҳаммадов ба аъзои ҳукумат хабар додааст.
Искандар Муликов, вазири корҳои дохилии Туркманистон гуфтааст, ду писар ва домоди Муҳаммадов борҳо мешавад, дар марокизи дилхушии Ашқобод ва амокини саёҳии ин кишвар ҷангу ҷидолҳоеро ба миён овардаанд.
Ҳоҷимуҳаммад Муҳаммадов, муовини сарвазири Туркманистон аз солҳои ба курсии риёсат нишастани Бердимуҳаммадов дар ҳукумати ин кишвар тиҷорат ва соҳибкории инфиродиро назорат мекард.