Пуштибонии қирғизҳо аз Бобоназарова ва қиёси ӯ бо Отунбоева
Ҳомиёни ҳуқуқ ва вакилони Қирғизистон аз Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), пуштибонӣ кардаву шабоҳат ва фарқияти ӯро бо Роза Отунбоева, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон, ба баррасӣ гирифтаанд.
Коршиносони қирғиз пешниҳоди номзадии занро ба мақоми раисиҷумҳур дар Тоҷикистон нишонаи рӯ ба рушд ниҳодани демократия дар кишвар хондаанд.
Тоқтайим Умедалиева, раиси Анҷумани созмонҳои ғайриҳукуматию созмонҳои ғайритиҷоратии Қирғизистон, мегӯяд, пешниҳоди номзадии Бобоназарова нишонаи рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст: “Бо пешниҳоди номзадияш Бобоназарова аллакай дар ҷаҳонбинии ҷомеа тағйирот ворид кард. Инро ҳама, ҷонибдорону мухолифон баррасӣ хоҳанд кард, ки хуб аст. Ҳатто агар Бобоназарова аксари овозҳоро дар интихобот соҳиб нашавад, вай аллакай ғолиб аст. Ӯ аллакай ба шуури ҷомеа тағйирот ворид намуд, масъулияту ҷасорати занро нишон дод.”
Дар мавриди қиёси Бобоназарова бо Отунбоева ин коршиноси қирғиз афзуд, “Отунбоева тавассути инқилоб қудрат гирифт. Ӯ аз фурсат истифода карда, яке сар бардошт, аммо Бобоназарова аз табақае, ки дар шароити феълӣ баромадан аз он мушкил аст, тавассути муборизаи мунсифона сар бардоштааст.”
Азиза Абдурасулова, раиси Маркази ҳуқуқии “Килим Шамӣ”-и Қирғизистон, ғолибияти Бобоназароваро дар интихоботи президентии Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонад: “Чаро не? Ба фикрам, ғолибияти Бобоназарова ба имиҷи Тоҷикистон таъсири мусбат дорад. Ман муътақидам президенти зан Тоҷикистонро дар хориҷ арзанда муаррифӣ хоҳад кард.”
Ирина Карамушкина, вакили парлумони Қирғизистон, бо назардошти пешниҳоди номзадии зан ба мақоми президентӣ мегӯяд, Тоҷикистон метавонад дар қатори кишварҳои демократӣ ҷой гирад: “Ман бо вакилони парлумони тоҷик, махсусан бо вакилони зан бисёр мулоқот доштаам ва мехоҳам таъкид кунам, ки агар мардон машғули худнамоӣ бошанд, занҳои тоҷик аз ин хислати худхоҳӣ ориянд ва аён медонанд, ки кай аз бозӣ ба амал гузаштан даркор аст. Онҳо сидқан омодаанд, масъулият барои Тоҷикистонро ба уҳда гиранд. Вақте шунидам, дар Тоҷикистон як зани таҷрибадор ба президентӣ пешниҳод шудааст, хеле хурсанд шудам.”
Айбек Султонғозиев, мудири бунёди ҷамъиятии “Маркази тадқиқоти мушкилоти минтақавӣ” пешниҳоди номзадии Ойниҳол Бобоназароваро як иқдоми саривақтӣ ва муваффақи нерӯҳои мухолиф дар Тоҷикистон арзёбӣ кард: “Ин номзадӣ аллакай дар сархати ахбори расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт. Магар метавонистанд, номзадҳои эҳтимолии дигар, Кабирӣ ё Зоиров низ ҳанӯз дар оғоз чунин маъракаи густардаи иттилоотиро ба даст оранд? Ба фикрам не. Дар фазои иттилоотӣ мухолифин аллакай раисиҷумҳури феълии Тоҷикистонро дар пасманзар қарор додаанд ва таваҷҷуҳи бештарро ба номзади худ ҷалб намудаанд. Аз ҷониби дигар пешниҳоди номзадии Бобоназароваро метавон ҳамчун шакли нави муборизаҳои сиёсӣ дар кишвар баҳогузорӣ кард.”
Султонғозиев муътақид аст, акнун ҳукуматдорон маҷбуранд ба пешниҳоду талаботи мухолифин дар Тоҷикистон бештар гӯш диҳанд. Дар мавриди муқоисаи Бобоназарова бо Отунбоева ин коршиноси қирғиз афзуд, ин хеле мушкил аст: “Бар хилофи Отунбоева, ки ҳамавақт дастпарвардаи ҳукуматдорон, ҳам дар аҳди Шӯравӣ ва ҳам дар замони Акаеву Боқиев буд, Ойниҳол Бобоназарова ҳамеша мавқеи қотеонаи демократии худро дошту роҳи мушкили пурпечутобро аз сар гузарондааст. Отунбоева дастнигари ҳукматдорон буд, гарчанде ҳамзамон ҷасорат дошт, ки дар қатори мухолифин қарор бигирад.”
Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки тақрибан се моҳ пештар барои интихоботи президентӣ ташкил ёфт, рӯзи даҳуми сентябр расман номзадии Ойниҳол Бобоназароваро эълон кард. Ба ин Иттиҳод Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва бархе аз шахсиятҳои маъруф ва созмонҳои иҷтимоӣ шомиланд.
Ойниҳол Бобоназарова раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+” буда, дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад. Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.