Бонки Миллии Тоҷикистон қарореро ба тасвиб расонидааст, ки дар бозори арз қурби асъори миллиро нигоҳ хоҳад дошт.
Бино ба қавли Шариф Рахимзода, роҳбари ин ниҳод, ҳудуди 1 миллион доллари амрикоӣ ба ин мақсад ҷудо гардида, феълан ба нуқтаҳои фурӯш ва табдили арз ироа шудааст. Ҳадафи аслии ин иқдомро масъулини Бонки Миллӣ устувор нигох доштани қурби сомонӣ нисбати доллар арзёбӣ мекунанд. Бо супориши Раҳимзода арзи амрикоии ҷудошуда, бояд бо қурби як доллар баробари 4,64 сомони фӯрухта шавад. Айни ҳол қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе барои харид 4,63 сомони ва барои фӯруш 4,65 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаи аввалҳои ҳафтаи гузашта 10 - 12 сомонӣ зиёд аст. Дар ҳамин ҳол, қурби расмии асъор, ки сомонаи
www.bmt.tj интишор кардааст, муодили 1 доллар ба 4, 50 сомониро нишон медиҳад.