Даъвати Эшони Маҳмудҷон барои таҳрими нашрияҳое, ки...
Эшони Маҳмудҷон, яке аз рӯҳониёни саршиноси тоҷик, фурӯш ва харидории рӯзномаҳоеро, ки матолиби иғвоангез ва зидди аҳкоми шариат нашр мекунанд, аз нигоҳи Ислом ҳаром хондааст.
Ин рӯҳонии тоҷик дар посух ба суоли яке аз корбарони Turajon.org, торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо, гуфтааст, нашр кардани ин гуна мақолаҳои хилофи шаръӣ ва иғвоангез дар ҳафтаномаҳои худ ва инчунин фурӯхтан ва харидани ингуна мақолаҳо ҳаром мебошад.
Эшони Маҳмудҷон аз корбарони ин торнамо даъват кардааст, аз харидорӣ ва хондани чунин нашрияҳое, ки хилофи қавонини исломӣ матолиб нашр мекунанд, худдорӣ намуда, онҳоро таҳрим кунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, харидорӣ ва фурӯшу нашри ингуна мақолаҳо кумаке дар роҳи гуноҳ аст, ки ин амал ҳаром мебошад: “Худованд дар Қуръон мегӯяд: “Якдигарро бар гуноҳу ситамкорӣ кумак накунед.”
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир дар бархе аз нашрияҳои кишвар матолибе дар бораи ҳиҷобу рӯсарӣ ба нашр расида, фарзияти ба бар намудани онро аз нигоҳи Ислом зери суол қарор додаанд. Ҳафтаи гузашта нашрияи “Тоҷикистон” матлаберо бо номи “Сатрдорони майхора” нашр кард, ки бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд. Аз ҷумла, аксари корбарони Фейсбук онро ба баҳс кашида, норизоияташон ин матлабро баён доштанд. Аммо Эшони Маҳмудҷон дар ин посухи худ аз ҳеч нашрияе ном нагирифтааст.