Занги як муҳоҷири тоҷик аз Сухумӣ: “Илтимос, маро озод кунед!”
Шамсидин Давлатов, як муҳоҷири тоҷик, аз моҳи августи соли гузашта то кунун дар марзи миёни Русияву Абхозистон дармонда, мегӯяд, ба фарёдаш фарёдрасе пайдо накардааст. Вай баъд аз 3 моҳи ҳаққи будубош дар Русия, барои қонунӣ кардани будубоши минбаъдааш аз марзи Абхозистон гузаштааст.
“Дар марзи Абхозистон гуфтанд, ки ба хотири вайрон намудани низоми шиноснома наметавонам дубора ба Русия баргардам”,-афзуд ӯ.
Мусоҳиби мо мегӯяд, дар тӯли як соли охир барои раҳоияш аз банди марзбонҳои Абхозистон ба чанд ҷой муроҷиат карда ва дар ҷавоб ин ҷумлаҳоро шунидааст: “То намояндагони Шумо ба мо муроҷиат накунанд, ягон кор карда наметавонем.” Баъд аз ин, мегӯяд Шамсиддин Давлатов, борҳо ба консулгарии Тоҷикистон тамос гирифта ва онҳо гуфтаанд, номаву санадҳои заруриро фиристодаанд. “Мегӯянд, ки дигар ба мо занг назан, ҷавобаш, ки омад, худамон ба Шумо занг мезанем”,-гуфт Давлатов.
Дар робита ба ин қазия як корманди сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, онҳо дар садади таъмини шароит барои ба Русия бозгаштани Давлатов ҳастанд. “Дар ҳақиқат, Шамсиддин ба мо чанд бор муроҷиат кардааст. Дар баробари ӯ, нафарони зиёди дигар, ки бо ҳамин мушкил рӯбарӯ ҳастанд, ба мо муроҷиат ва хоҳиши кумак намудаанд. Дар навбати худ, мо ба Вазорати умури хориҷии Русия барои мусоидат ба ҳалли мушкил муроҷиат намудем. Алҳол, ин ниҳод омода аст барои шаҳрвандони Тоҷикистон долон (коридор) барои гузаштан аз марз пешниҳод намояд. Аммо, барои ин, нафарони дар Абхозистон дармонда бояд тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро, аз қабили чипта, корти муҳоҷират ва шиноснома дошта бошанд. Мутаассифона, на ҳама муроҷиаткардагон ҳамаи ин санадҳоро доранд. Баъзеҳо ҳатто шиносномаҳояшонро гум кардаанд”,-гуфт мусоҳиби мо аз сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Вай дар идома афзуд, “барои ҳар нафари алоҳида тамоми равандҳои дипломатиро барои муҳайё намудани гузаргоҳ мушкил аст ва ба ҳамин хотир, намояндагии дипломатии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷии Русия дар баробари омода шудани ҳуҷҷатҳои муроҷиаткардагон, ба таври гуруҳӣ, барои ҳалли мушкилашон мусоидат менамоянд.”
Ин бори аввал нест, ки бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар марзи миёни Русиву Абхозистон дармонда, ба мушкил рӯбарӯ мешаванд. Аксари ин муҳоҷирон мехоҳанд, дар се моҳ як бор марзи Русияро гузашта, ба Абхозистон раванду дубора ба ин кишвар омада, ба корашон идома диҳанд. Вале дар банди марзбонҳо меафтанд. Қаблан, сафорати Тоҷикистон бо интишори номае аз муҳоҷирон хоста буд, аз рафтан ба Абхозистон худдорӣ кунанд. Чун Тоҷикистон дар ин кишвар намояндагии дипломатӣ надорад ва берун овардани онҳо танҳо бо мусоидати Русия имконпазир хоҳад шуд, ки кори осоне нест.