Бозпурсии 12-соатаи Шерзамонов дар Кумитаи амният
Алим Шерзамонов, раиси бадахшонии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки шоми 16-уми сентябр аз Маскав ба Ватан бозгашт, 21-уми сентябр дар бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст.
Дар ин бора худи Алим Шерзамонов дар сафҳаи фейсбукияш хабар дода, афзудааст, ки бозпурсӣ 12 соат давом доштааст. Шерзамонов мегӯяд, маъмурини амнияти миллии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки аз ин бозпурсӣ хабаре паҳн нашавад, вале Шерзамонов ин таъкиди мақомотро сарфи назар карда, аз ин бозпурсӣ дар шабакаи иҷтимоӣ хабар додааст.
Алим Шерзамонов, шоми 16-уми сентябр аз Маскав ба Ватан бозгашта дар фурудгоҳ ба далели камбуди аснодаш барои бештар аз як соат мавриди тафтиш қарор гирифт, аммо баъдан озод шуда, ба берун баромад.
Оқои Шерзамонов то ин муддат дар Русия ба сар мебурд ва борҳо алайҳи амалкардҳои ҳукумат тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод кардааст. Худи ӯ дар лаҳзаҳои аввали берун омаданаш аз фурудгоҳ гуфт, ба шарофати ҳузури хабарнигорон аз боздошти нерӯҳои амниятӣ халос шудааст.
Шерзамонов гуфт, қабл аз омаданаш хуб медонист, ки номи ӯ дар ягон рӯйхати расмии мақомот нест ва мавриди пайгард ҳам қарор надорад. “Аммо ҳангоми аз марз гузаштан эҳсос кардам, ки номи ман дар кадом рӯйхате дар компютери фурудгоҳ сабт ёфтааст ва эҳтимоли боздоштам зиёд буд. Аммо кадоме ба онҳо занг зада гуфт, ки дар берун хабарнигорон ҷамъ шудаанд ва барои ҳамин маро “тафтиш” карданду раҳо намуданд”,-гуфт Шерзамонов. Вай афзуд, бо ин ҳол кафолат дода наметавонад, ки ӯро дар ягон кӯча ва ё паскӯчае боздошт намекунанд.
Ба истиқболи Алим Шерзамонов наздикону дӯстон ва як гуруҳ хабарнигорон ба фурудгоҳ рафта буданд. Оқои Шерзамонов гуфт, бисёриҳо қабл аз омаданаш ба Тоҷикистон низ ба ӯ маслиҳат дода буданд, ки то поёни маъракаи интихоботи президентии моҳи ноябр аз сафар худдорӣ варзад. Вале Алим Шерзамонов мегӯяд, дилаш ба ёди Ватан ҳар лаҳза гум мезад ва мехоҳад дар ҷараёни маъракаи муҳим, яъне интихобот, ҳамроҳи мардум бошад, на берун аз кишвар.
Алим Шерзамонов, масъули Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, яке аз мунтақидони баргузории амалиёти махсуси нерӯҳои давлатӣ дар Бадахшон буд ва моҳи июли соли ҷорӣ пешниҳод кард, ки ёдбуди қурбониёни ин амалиёт баргузор шавад.
Амалиёти низомӣ дар Хоруғ 24-уми июли соли гузашта, дар пайи қатли генерали амният Абдулло Назаров оғоз шуда, даҳҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт. Дар ҷараёни ин даргирӣ Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи бадахшонии ҲНИТ ва ҳамчунин Имумназар Имумназаров, яке аз фармондеҳони собиқ, кушта шуда, чанд тани дигар, аз ҷумла Шерик Карамхудоев (раҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ) ва дигарон боздошту зиндонӣ гардиданд.