Надя Ҳардман: “Ҳаққи дахолат ба қазияи Зайд Саидовро надорам”
Надя Ҳардман (Nadia Hardman), узви Иттиҳодияи байналмилалии ҳуқуқдонҳои Лондон, ки ин шабу рӯз дар Душанбе ба сар мебарад, гуфт, ба ҳеч ваҷҳ ҳаққи дахолат ба қазияи Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”-ро, надорад.
Вай дар як сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳадафи омаданаш ба Тоҷикистон қазияи Зайд Саидов набуда, балки “расонидани фикру назари коршиносони хориҷӣ дар бораи тарҳи қонуни адвокатураи Тоҷикистон” будааст. “Иттиҳодияи байналмилалии ҳуқуқшиносон, ки ман узвияташро дорам, бо қазияи сиёсӣ сари коре надорад ва ҳадафи мо ҳам дахолат ба парвандаи Зайд Саидов набуд. Бинобар ин, хоҳиш мекунам, дуруст фаҳмед, ки ҳадафи омадани ман ба Душанбе танҳо расонидани назари коршиносони берун аз Тоҷикистон дар бораи тарҳи қонуни адвокатура асту тамом”,-афзуд хонум Ҳардман.
Надя Ҳардман тобистони соли ҷорӣ низ ба Тоҷикистон омада, дар баррасии тарҳи қонуни адвокатураи Тоҷикистон иштирок карда буд. Тарҳи ин қонун чанде пештар ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ирсол шуда, Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон «Сипар», Коллегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе, коллегияи адвокатҳои Суғд, Коллегияи адвокатҳои вилояти Хатлон оид ба ворид кардани баъзе тағйирот ба ин тарҳ пешниҳодҳои мушаххаси худро ироа кардаанд.
Надя Ҳардман дар идома гуфт, аз он ки ӯро ба ҳайси вакили дифои ояндаи Зайд Саидов муаррифӣ кардаанд, дар ҳайрат уфтодааст. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, як чунин машварат ва ё гуфтумоне дар ин замина аслан вуҷуд надошт. Номи Надя Ҳардман ва иштирокаш дар мурофиаи Зайд Саидов рӯзи 20-уми сентябри соли ҷорӣ аз забони вакилони мудофеи дувумӣ садо дод. Онҳо гуфтанд, пайвандони нафари таҳти ҳимояташон бо аризае аз Додгоҳи олӣ хостаанд, то иҷоза бидиҳад, ки Надя Ҳардман дар мурофиаи Зайд Саидов иштирок намояд. Иттилое, ки худи хонум Ҳардман онро беасос ва нодуруст хонд.
Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав 12-уми сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта, то ҳол бозпурсии даъвогарону шоҳидон идома дорад. Дар ҳоли ҳозир се вакили мудофеи тоҷик -- Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров аз ҳуқуқи ӯ дар додгоҳ дифоъ мекунанд.