Додгоҳ байрақсузиро “майдаавбошӣ” хонд
Кумитаи назорату ахлоқи Иттиҳоди футболи Русия бошгоҳи «Зенит»-и Санкт-Петербургро 500 ҳазор рубл ҷарима баст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, клубро барои он муҷозот карданд, ки зимни як дидор бо тими “Терек”-и Грозний мухлиси “Зенит” байрақи Чеченистонро оташ зад. Қаблан, намояндаҳои «Зенит» изҳор дошта буданд, ки агар клуб ҷарима шавад, онҳо аз афроде, ки дар сузондани байрақ муттаҳам мешаванд, ҷуброн талаб мекунанд.
Барои оташ задани байрақ пулис ду ҳаводори “Зенит”-ро дастгир кард. 16-уми сентябр додгоҳ амали яке аз онҳоро ҳамчун “майдаавбошӣ” талқин карда, ӯро ҳазор рубл ҷарима баст. Аммо ин қарори додгоҳ ба намояндаҳои “Терек” хуш наомад. Муҳаммад Довудов, президенти клуб гуфт, бо муттаҳамони ин амал хеле сода рафтор кардаанд ва ин метавонад дар оянда сабаби такрор шудани байрақсузӣ шавад.
Ёдовар мешавем, бозии “Зенит” ва “Терек” 14-уми сентябр дар Санкт-Петербург баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 поён ёфт.