!: 1600 километр пиёдарагардӣ барои зангирӣ
Як духтари чинӣ ба хостгораш гуфта, ки агар 1600 километр пиёда роҳ равад, розӣ хоҳад шуд, ки бо ӯ ҳамхона шавад.
Ҳангоме, ки Лю Пи Вени 29-сола ба духтаре, ки дӯсташ медошт, пешниҳоди издивоҷ кардан дод, Люнг Ҳасои 23 сола ба ӯ гуфт, ки фақат дар сурате пешниҳодашро мепазирад, ки вай 1600 километр масофаро пиёда тай бикунад.
Лю Пи Вени ошиқ дар посух гуфт, ки ба ҳар қимате бошад ҳам ин масофаро пиёда тай хоҳад кард, то ба васли маҳбубааш бирасад. Пеш аз он, ки духтари чинӣ ба ошиқаш бигӯяд, ки ин як шӯхӣ буд, ӯ пиёдаравии худро оғоз намуд.
Вен гуфта, ки фосала аз шаҳри ӯ то зодгоҳи маъшуқааш 1600 километр мебошад ва умедвор аст, ки вақте ба он ҷо расид, Люнг бо ӯ арӯсӣ хоҳад кард.