Раддияи ҲНИТ ба "қаҳрамон"-и "Пойбанди нафрат"-и ТВТ
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо пахши як изҳорот узви ин ҳизб будани Сомон Муҳаббатов, “қаҳрамон”-и филми “Пойбанди нафрат”-ро рад кард.
“Пойбанди нафрат”, филми вижаи Шабакаи телевизиони аввали Тоҷикистон мебошад, ки аз куштори Қиёмиддин Абдусаломови 8-сола аз сӯи Сомон Муҳаббатов, сокини Тоҷикобод, ки гӯиё узви ҲНИТ ҳаст, ҳикоят мекунад.
Қосимҷон Асадов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Тоҷикобод, билети ҳизбии Муҳаббатовро сохта хонда, сухан ва амалҳои дар ин филм овардаи ӯро дурӯғ ва кори масъулони амният медонад.
Ӯ мегӯяд, “вақте началник (сардор)-и милиса гуфт, ки ин кортро аз марказатон гирифтааст, ман гуфтам, маркази ҲНИТ одами инҷоро бе тавсияи ман қабул намекунад ва ӯ аз мо нест. Ӯ корти ҳизбӣ надорад. Ман муассиси ҳизб дар ин минтақа ҳастам ва мегӯям, ки ӯ узви ҳизби мо нест. Ягон авлодаш ҳам тарафдори ҳизб нестанд. Ӯ дар қисми ҷавонон ҳам кор намекард. Ман ҳамчун муассис аз аввал муовини ҳизб будам ва баъд раиси бахши ҳизб шудам. Ман мегӯям, ки чунин узв надорам, ин ҳама дурӯғ аст.”
Маврид ба зикр аст, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 20-уми сентябр филми вижаи “Пайроҳаи нафрат”-ро намоиш дод, ки дар бораи куштори Қиёмиддин Абдусаломови 8-сола аз сӯи Сомон Муҳаббатови 20-сола ҳикоят мекунад.
Ин ҳодиса моҳи июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт иттифоқ уфтода, гумонбар ин навраси 8-соларо баъд аз задани 8 кордча ба қафаси синааш, ба номуси ӯ дастдарозӣ мекунад. Дар ин филм асосан Сомон Муҳаббатов дар бораи чигуна ба қатл расондани Абдусалом қисса мекард. Вай дар ин навори видеоӣ худро донишҷӯи курси сеюми факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва узви Хизби наҳзати исломӣ муаррифӣ намуда, бархе аз аъзои ин ҳизб ва мударрисонро дар таълими «ҷангҷӯӣ» муттаҳам намуд.