Мавзуна Чориева пешниҳод кард, Эмомалӣ Раҳмон номзад шуд (АКС)
Аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки субҳи 21-уми сентябри соли ҷорӣ дар “Кохи Ваҳдат”-и шаҳри Душанбе гирдиҳам омада буданд, якдилона Эмомалӣ Раҳмонро номзади худ дар интихоботи президентии шашуми ноябр донистанд.
Пешниҳоди номзадии оқои Раҳмон аз забони Мавзуна Чориева, муштзани шинохтаи тоҷик ва барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон, садо дод ва аз тарафи аъзои дигари Иттифоқи ҷавонон ҳимоят ёфт.
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ташкилоти мустақили ҷамъиятиву сиёсист, ки октябри соли 1991 таъсис ёфта, раҳбарияшро Маликшоҳ Неъматов ба уҳда дорад ва Рустами Эмомалӣ -- писари раисиҷумҳури Тоҷикистон яке аз муовинони ӯст. Дар интихоботи гузаштаи президентӣ низ ин иттиҳод Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод кардаву аз ӯ ҳимоят намуда буд.
Эмомалӣ Раҳмон то кунун дар се интихоботи президентии Тоҷикистон иштирок карда, бар рақибонаш пирӯз омадааст. Вай дар маҷмӯъ, 21 сол боз зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад ва дар сурати пирӯз омданаш дар интихоботи шашуми ноябри соли ҷорӣ ҳафт соли дигар ба курсии президентӣ такя хоҳад зад.
Бо номзад интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон сафи довталабони курсии президентӣ дар интихооти моҳи ноябр ба шаш нафар расид. То ин дам Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ Ойниҳол Бобоназарова, Ҳизби демократ Сайидҷаъфар Исмонов, Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби аграрӣ Толиббек Бухориев ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олим Бобоевро ҳамчун номзад пешниҳод карда буданд.