Ҳаҷ-2013: Сафари гурӯҳи нахустини зоирони тоҷик ба Саудӣ
Гурӯҳи нахустини зоирини тоҷик субҳи 21-уми сентябр аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Арабистони Саудӣ сафар карданд. Парвози ин гуруҳи зоирон тавассути ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” (соати 05:00) ва "Тоҷик Эйр” (соати 06:00) сурат гирифтааст.
Ба иитилои масъулони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 60 дарсади зоирини тоҷикро ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва 40 дарсади боқимондаро ширкати “Тоҷик Эйр” ба шаҳрҳои Ҷидда ва Мадинаи Арабистони Саудӣ таҳвил хоҳанд дод. Бозгашти зоиринро низ худи ҳамин ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба дӯш гирифтаанд.
Дар маросими “Ҳаҷ-2013” ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ширкат мекунанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, пардохти маблағи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.