“Пойбанди нафрат”: Қиссаи як куштор ё иттиҳом алайҳи наҳзатиҳо?
Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 20-уми сентябр филми вижаи “Пойбанди нафрат”-ро намоиш дод, ки дар бораи куштори Қиёмиддин Абдусаломови 8-сола аз сӯи Сомон Муҳаббатови 20-сола ҳикоят мекунад. Ин ҳодиса моҳи июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт иттифоқ уфтода, гумонбар ин навраси 8-соларо баъд аз задани 8 кордча ба қафаси синааш, ба номуси ӯ дастдарозӣ мекунад.
Дар ин филм асосан Сомон Муҳаббатов дар бораи чигуна ба қатл расондани Абдусалом қисса мекард. Вай дар ин навори видеоӣ худро донишҷӯи курси сеюми факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва узви Хизби наҳзати исломӣ муаррифӣ намуда, бархе аз аъзои ин ҳизб ва мударрисонро дар таълими «ҷангҷӯӣ» муттаҳам намуд. Ӯ гуфт, то ин ки ба донишгоҳ биояд, дар солҳои 2006-2008 бо машварати падараш ба мадрасаи Шайх Ёрибек дар деҳаи Зафорободи ноҳияи Тоҷикобод рафта, дар онҷо таълими динӣ гирифтааст.
Ба гуфтаи Муҳаббатов, дар ин мадраса онҳо асосан “Таҷвид” ва “Мухтасар”, яке аз китобҳои фиқҳӣ дарс меомӯхтаанд. Вале, ба гуфтаи ӯ, дар баробари ин баъзе аз устодонашон дар бораи ҷиҳод суҳбат мекардаанд. Дар ҳоле ки Муҳаббатов дар навори телевизионӣ суҳбат мекард, бархе аз устодонашро низ дар таҷовуз ба номуси худ ва бархе аз ҳамсабақонаш муттаҳам донист. Ӯ дар ин замина аз 4 нафар ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ бархеи онҳо имоматии баъзе аз масоҷиди панҷвақтаро бар дӯш дошта, баъзеяшон ҳам бекор будаанд.
Дар филми “Пойбанди нафрат” аз Маҳмадрӯзӣ Искандаров, собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ҳоло дар зиндон аст, низ ном гирифта шуд, ки гӯиё дар гузашта мадрасаи Шайх Ёрибекро сармоягузорӣ мекардааст. Дар ин навор падару модари Қиёмиддини 8-сола низ суҳбат карда, гуфтанд, аз ин ҳодиса дар ҳолати шок қарор доранд ва аз мақомот бисёр талаб доранд, то қотили писарашонро ба ҳукми сангин равонаи зиндон кунанд.
Сомон Муҳаббатов дар лаҳзаҳои охири филм дар ҳоле ки аз кардаҳояш изҳори пушаймонӣ мекарду аз сокинон маъзарат мехост, гуфт, ин ҷиноятро дар пайи танқидҳои масъулони ҲНИТ алайҳи сиёсати ҳукумати кунунӣ содир кардааст. Вай афзуд, бовар дошт, ин ҷинояти содиркардааш нокушуда боқӣ мемонаду мақомот дар назди ҷомеа "шарманда" мешавад, аммо ин ҷиноят дарҳол ошкор шудааст.
Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ин филм аз силсилаи барномаҳоест, ки алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ нигаронида шудааст. Баъд аз дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози моҳи июли соли ҷорӣ бо гуруҳе аз имомхатибони масоҷиди кишвар пешниҳоди ҳазфи номи Ислом аз унвони ин ҳизб садо дода, аксари рӯҳониён аз тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон эълон доштанд, ки ҳизб дар Ислом дуруст нест.Дар акс: Сомон Муҳаббатов