Мусодираи 90 нусха китоби Қуръон аз сӯи Хадамоти гумрук
Маъмурони гумруки Тоҷикистон рӯзи 20-уми сентябр аз ворид шудани 90 нусха Қуръон, китоби муқаддаси мусулмонон, аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаанд.
Ба қавли як манбаъ аз Хадамоти гумрук, тоҷире ният доштааст аз роҳи ғайриқонунӣ ин теъдод китоби Қуръонро ба Тоҷикистон ворид созад. “Ин тоҷир навад нусха китоби Қуръонро дар зери семент монда, мехост, ба Тоҷикистон биёрад. Мо бо ин китоб ягон мушкил надорем, вале тоҷир онро на аз роҳи қонунӣ, балки ғайриқонунӣ нияти ворид кардан дошт ва барои ҳамин боздошт шуд”,-афзуд манбаъ.
Дар ҳоли ҳозир нисбат ба ин тоҷири тоҷик, ки аз ӯ ном бурда намешавад, “барои вайрон кардани қонунгузории гумрукӣ” аз рӯи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Тайи тақрибан шаш соли охир мақомоти Тоҷикистон вуруди ҳама гуна адабиёти динӣ аз хориҷ ба Тоҷикистонро таҳти назорати шадид гирифтаанд. Мақомот мегӯянд, адабиёти динӣ, чи исломӣ ва чи ғайриисломӣ, қабл аз он ки вориди кишвар шуда, миёни сокинон паҳн гардад, бояд аз ташхиси диншиносии коршиносони Кумитаи дини Тоҷикистон бигузарад.