Сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбои муҳорибавӣ ба Америка рафт
Дар қасри тенниси пойтахт мусобиқаи нахустини ҷумхуриявӣ оид ба самбои муҳорибавӣ доир гардид.
Тавре Муродалӣ Тешаев, котиби матбуоти кумитаи миллии олимпӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар ин мусобиқа зиёда аз 100 нафар варзишгарони наврасу ҷавон ширкат варзиданд. Баъди қувваозмоиҳои тӯлони бо касби бештари нишону медалҳо варзишгарони ташкилоти мададгори мудофиа зинаи аввалро соҳиб шуданд. Варзишгарони вилояти Хатлон ва клуби «Динамит»-и Душанбе низ хуб ҳунарнамоӣ карданд.
Маврид ба ёдоварист, чанд рӯз қабл варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи байналмилалӣ, ки барои дарёфти Ҷоми Ҷаҳон дар ИМА сурат пазируфт, ба ватан баргаштанд. Феълан, сармурабии тими мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Хокироев ҷиҳати такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи маҳорати касбиаш дар Амрико қарор дорад. {jathumbnail off}