ФСБ: Мушкили кирояи ҷангҷӯён аз Тоҷикистон ҷой дорад
Мақомоти федералии амнияти Русия ё худ ФСБ мегӯянд, мушкили кирояи ҷангҷӯён дар тамоми кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Тоҷикистон ҷой дорад.
Сергей Смирнов, муовини аввали раиси ФСБ дар суҳбат бо хабарнигорон иттилоъ додааст, ки аз Русия ҳудуди 300-400 ҷангҷӯёни кироя дар Сурия ҷангида истодаанд ва Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Қазоқистону Узбакистонро низ номбар карда, гуфтааст, кирояи ҷангҷӯёни аз ин кишварҳо низ ҷой дорад.
Ӯ гуфтааст, дар доираи ҷаласаи сохтори мубориза бо терроризми Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони ҳамаи кишварҳои аъзо эътироф намудаанд, ки аз ҳисоби шаҳрвандонашон ҷангҷӯён кироя мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки Кумитаи дини Тоҷикистон ахиран гуфт, дар давоми солҳои ахир дар ҷангҳои Афғонистону Покистон ҳудуди 11 шаҳрванди Тоҷикистон ва сеи дигар дар Сурия ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи Мавлон Мухторов, муовини раиси ин ниҳод, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои бегонагон ба ҳалокат расидаанд, шояд аз ин ҳам зиёд бошад: “Ин 14 нафар танҳо онҳое мебошанд, ки ному насаб ва ҳуввияти миллиашон муайян карда шудааст.”