20 миллион доллар гранти Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
Бонки ҷаҳонӣ барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон боз ҳудуди 20 миллион доллари амрикоӣ грант ҷудо кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати молияи Тоҷикистон, рӯзи 20-уми сентябр Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар ва Марша Олив, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар ин бора созишномаеро ба имзо расонидаанд.
Тибқи ин созишнома, ки ба хотири маблағгузории Лоиҳаи такмилдиҳии хизматрасонии тиббӣ ба имзо расидааст, 15 миллион доллар аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмиллаии рушд (АБР) ва 4,8 миллион доллар аз ҳисоби Фонди мақсадноки мултидонорӣ оид ба таҷдиди натиҷаҳои саломатӣ (Health Results Innovation Trust Fund) ҷудо гардид.
Инчунин манбаъ афзудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар навбати худ маблағи иловагиро дар ҳаҷми 3,20 миллион ба лоиҳаи мазкур ҷудо намудааст.
Гуфта мешавад, ин маблағ барои беҳтар намудани солимии модар ва кӯдак аз ҳисоби вусъатдиҳии фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ дар муассисаҳои тиббии деҳоти Тоҷикистон равона хоҳад шуд.