Муҳоҷири узбак, ки дар куштори ду нафар муттаҳам мешавад, интизори ҳукми суд аст
Дар шаҳри Слантси вилояти Ленингради Русия баррасии додгоҳӣ нисбат ба муҳоҷири ғайриқонуние шуруъ шудааст, ки дар куштори ду нафар муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои расида, мақомоти тафтишотии вилояти Ленинград таҳқиқоти парвандаи ҷиноии муҳоҷири ғайриқонуниро, ки аз ӯ Эркинҷон Исмоилов, шаҳрванди Узбакистон ном бурда мешавад, анҷом додааст. Ӯро дар куштори ду нафар гумонбар медонанд.
Дар ҷараёни тафтишот муайян шудааст, ки аз 20 то 23-юми феврали соли 2012 Исмоилов дар заминаи рашк бо зани ҳамхонааш ӯро зери лату куб гирифтааст. Бар асари ҷароҳатҳои зиёд зан ба ҳалокат расидааст. Исмоилов аз ҷои ҳодиса фирор намуда, ба ноҳияи Всеволожски вилояти Ленинград меравад. Он ҷо бошад, як ҳамватанашро ба ҳалокат мерасонад.
Расонаҳо бо такя ба мақомоти дахлдор навиштаанд, ки дар ҳоли ҳозир тафтшот далелҳои кофии даст доштани шаҳрванди Узбакистон дар ин ҷиноётро дорад.