Дар 25 кишвари ҷаҳон ба президенти TJK раъй медиҳанд
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон барои иштироки тоҷикистониёни бурунмарзӣ дар интихоботи президентӣ дар қаламрави 25 кишвари ҷаҳон нуқтаҳои раъйдиҳиро ташкил хоҳад намуд.
Тибқи иттилои КМИР аз ҷумла дар Федератсияи Русия-шаҳрҳои Москва, Санкт- Петербург, Твер, Тула, Ярославл, Рязан, Калининград, Саратов, Волгоград, Қазон, Уфа, Нижний Новгород, Краснодар, Астрахан, Екатеринбург, Тюмен, Челябинск, Красноярск, Благовешенск, Новосибирск, Самара, Перм ва инчунин дар Хабаровск, дар Ҷумҳурии Саха (Якутия), дар Белорус - шаҳри Минск, дар Қазоқистон - шаҳри Остона, дар Қирғизистон - шаҳри Бишкек, дар Озарбойҷон - шаҳри Боку, дар Туркманистон - шаҳри Ашхобод, дар Ӯзбакистон - шаҳри Тошкент, Украина - шаҳри Киев, Эрон - шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад, Мисри Араб - шаҳри Қоҳира, дар Арабистони Саудӣ - шаҳри Ар-Риёз, шаҳрҳои Макка ва Мадина, дар Аморати Муттаҳидаи Араб - шаҳри Дубай ва Абу-дабӣ, дар Қатар - шаҳри Доҳа, Ҳиндустон - шаҳри Деҳлӣ, Афғонистон - шаҳрҳои Кобул, Мазори Шариф, Файзобод ва Қундуз, дар Покистон - шаҳри Исломобод, Туркия - шаҳрҳои Анқара ва Истанбул, Чин - шаҳрҳои Пекин, Урумчӣ, Ҷопон шаҳри Токио, Америка - шаҳрҳои Вашингтон, Ню Йорк, дар Белгия - шаҳри Брюссел, дар Олмон - шаҳри Берлин, дар Британияи Кабир- шаҳри Лондон, дар Швейтсария- шаҳри Женева, дар Австрия - шаҳри Вена ташкили нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар назар аст.
КМИР мегӯяд, ҳамаи нуқтаҳои раъйдиҳии хориҷи Тоҷикистон ба ҳавзаи интихоботии ноҳияи Шоҳмансур дохил хоҳанд шуд. Дар маҷмуъ раиси КМИР дар бораи ташкили 68 ҳавзаи интихоботӣ қарор қабул намудааст.