Узбакистон Манучеҳрро баъд аз 3 моҳи боздошт ба Тоҷикистон дод
Манучеҳр Бӯриев, як сокини навраси Панҷакент, ки се моҳи пеш аз тарафи марзбонҳои Узбакистон рабуда шуда, дар боздоштгоҳи Тошканд нигаҳдорӣ мешуд, ба Хуҷанд интиқол ёфтааст. Вай ҳоло дар қабулгоҳи Раёсати умури дохилии вилояти Суғд дар Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад.
Манучеҳр дар як тамоси кӯтоҳ бо “Озодагон” гуфт, ҳоло сиҳҳату саломат аст ва аз он ки ба Ватан бозгашт, хушҳол мебошад. Вай бисёр мехоҳад, ҳарчи зудтар ба назди модаркалону хонаводааш ба шаҳри Панҷакент баргардад.
Як масъули Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, Манучеҳр Бӯриевро рӯзи 19-уми сентябри соли ҷорӣ аз Бекобод, марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон, гирифтаанд. Ӯ гуфт, қарор аст, хонаводаи Манучеҳр ба Хуҷанд омада, бо нишон додани асноди зарурӣ ӯро аз Раёсати умури дохилӣ дарёфт кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Носиҷӯ Эшмуродова, модаркалони Манучеҳри хурдсол мегӯяд, аз шунидани ин хабар хушнуд аст. “Ба мо дар ин бора субҳи 20-уми сентябр занг зада огоҳ карданд”,-гуфт ӯ. Эшмуродова афзуд, акнун талошашонро хоҳанд кард, то ҳамсарашро, ки ӯ ҳам се моҳи қабл боздошт шуда, дар вилояти Қаршии Узбакистон нигаҳдорӣ мешуду дар оғози моҳи сентябр ҷарроҳӣ гардид, озод кунанд.
Ёдрас мекунем, 10-уми июни соли ҷорӣ дар ҷамоати Фароби Панҷакент аскарони узбак 5 тан, аз ҷумла Манучеҳр Бӯриеви ноболиғ, Мардон Бӯриев ва писаронаш -- Сулаймон Бӯриев, Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимовро аз сари замини кишт боздошт карда, ба Узбакистон бурданд.