Mr. Jony & Ҳабиб Ҳакимов: “Рэперакои дурӯзара ҷо кун дар қафас” (ВИДЕО)
Вазъияти имрӯзаи рэп, интихоби мавзӯъҳои бемаъно, мусиқии бесифат ва плагиат аз сӯи рэпсароҳо мавзӯи як суруд аст, ки дар ҳамин жанр сароида шудааст.
Дар ин тарона, ки онро Mastiffelty, Mr. Jony ҳамроҳ бо хонандаи поп Ҳабиб Ҳакимов иҷро кардаанд, гуфта мешавад, ки ҳоло аз ҳаводорон дида, рэпсароҳо зиёд шудаанд: “Мусиқӣ шидаст паст, ҷазир кардаст навраст, рэперакои дурӯзара ҷо кун дар қафас”.
Дар ин рэп аз он изҳори нигаронӣ шудааст, ки бештари пайравони ин жанр бештар дар бораи ишқу ошиқӣ суруд мехонанд:
"Трекои ма аз таҳти дил барои мухлисон,
Трекои ту аз таҳти дил барои арӯсон."
Ахиран, навори ин тарона ҳам дар Интернет нашр шуда ва дар чандин порталҳо қобили тамошо шудааст.