Фатвои Қарзовӣ дар бораи онҳое, ки 2-3 бор Ҳаҷ мераванд
Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон, аз зоирони Хонаи Худо, ки ҳар сол дар масими ҳаҷҷи фарзӣ дубора ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд, хостааст, аз ин амал даст кашанд.
Қарзовӣ дар посух ба соли яке аз хонандагони торнамои “qaradawi.net” гуфтааст, барои ҳоҷиёне, ки бори дуюм ва сеюм ба зиёрати Каъба мераванд, беҳтар аст, роҳро барои нафарони бори аввал сафардошта ҳамвор кунанд. Ба гуфтаи раиси Иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон, сафар барои ҳаҷҷи нофила дар мавсими адои ҳаҷҷи фарзӣ боиси афзоиши шумораи зоирон шуда, анҷоми рукнҳои ҳаҷро барои зоирони бори нахуст рафта, мушкил месозад.
Юсуф Қарзовӣ афзудааст, сабаби нокомии ҷаҳони Ислом дар рафти иҷрои лоиҳаву пружаҳои худ, мушкилоти иқтисодӣ нест. Ӯ мегӯяд, имрӯз мусулмонҳо ба қадри кофӣ молу маблағе доранд. Вале, мутаассифона, ноҷо сарф мешаванд: “Аз ин рӯ, аз бародароне, ки майли ҳар сол сафар кардан ба зиёрати Хонаи Худоро доранд, хоҳиш мекунам, ба як бор кифоя кунанд ё то ҳадди имкон дар 5 сол як бор бираванд.”
Раиси иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон такя ба аҳодиси паёмбар (с) карда, гуфтааст, ҳар нафаре, ки худ сер асту ҳамсояаш дар паҳлуи ӯ гурусна мебошад, муъмини комил нест. Ин дар ҳолест, ки қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон рафтан ба зиёрати хонаи худоро дар мавсими ҳаҷҷи фарзӣ барои шаҳрвандон дар 5 сол як бор иҷоза додаанд.